Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ҳокимияти судӣ

        Имруз дар толори маҷлисгоҳи Муасисаи ғайридалатии таълимии «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии ноҳияи Шаҳритус» оиди баргузории Конфронсияи ноҳиявии бахшида ба 29-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он судяи суди ноҳияи Шаҳритус Меҳриддинзода Фахриддин Меҳриддин баромад намуд.

-Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон ба ҳайси як давлати соҳибистиқлол арзи вуҷуд карда дар асосҳои баробар бо дигар давлатҳои дунё муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию ҳуқуқии худро ба роҳ монда ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона роҳи пешрафти иқтисоди бозоргониро бо тарзу усули ба худ хос пеш гирифтааст.

         -Ҳарчанд ки аз замони ба истиқлол расидани давлати Тоҷикистон ҳанӯз давраи зиёд нагузаштааст, вале мову Шумо алакай шоҳиди густариши раванди гуногунандешии сиёсӣ, рушди бо суръати фаъолияти аҳзоби сиёсӣ ва ниҳодҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварамон ҳастем ва дар ин самт аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои фаъолияти озоди онҳо ҳамаи шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

       Яъне мову Шумо дар як замони начандон тулонӣ тавонистем, ки аз — тариқи Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузорӣ меъёрҳои бунёдии фаъолият давлати демократӣ-асосҳои сохти давлатдории демократӣ, аз ҷумла моҳияти дуняви ва иҷтимоии он, муқаддас будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёсӣ, таъсири парламенти касбӣ, кафолати адолати судӣ ва баробар будани ҳамаро дар назди қонун, инчунин озодии виҷдонро эълон ва таъмин намоем.

          -Соли 2023 барои мардуми шарифи кишварамон соли таърихӣ, яъне соли таҷлили сивудусолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамонро пешвоз гирифтем ва итминон дорам, ки ин санаи бузургу тақдирсозро яъне 6 ноябр рузи Канститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мо ҳама якҷоя бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегирем.

        Мову шумо дар даврони соҳибистиқлолӣ борҳо марҳилаҳои мушкилу сангинро паси сар намуда, аз ҳолатҳои бисёр вазнин сарбаландона  баромадем аз ҷумла хатари нестшавии давлат ва пароканда кардани милатро бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон бартараф кардем ва ба пешрафти давлату ҷомеа муваффақ шудем.

       Ҳар як калимаву ибораи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҷаҳон иродаву маънӣ дорад. Конститутсия бояд китоби рӯимизии ҳар яки мо бошад, чӣ қадар, ки онро омӯзем, боз паҳлӯҳои кашфнашуда дарёфт карда мешаванд.

       Аз ин ҷост, ки рузи 6 ноябри соли 1994  Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, дар таърихи навини он, оғози  дигаргунсозиҳои нав дар самти бунёди давлати мустақилу миллӣ ва демократӣ эътироф шудааст. Маҳз бо ибтидо аз ин сана гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ ва қабули Конститутсияи давлати комилан мустақил ва барпо намудани ҷомеаи озоду пешрафта ба миён омад.

        Конститутсия, Қонуни асосӣ, модари қонунҳо, сарчашмаи қонун, қонуни воло, бахтнома, шиносномаи давлату миллат, садоқатнома, тақдирнома ибораву мафҳумҳое ҳастанд, ки доири Конститутсия истифода бурда мешаванд. Аммо як чиз мушаххасу равшан аст, ки меъёрҳои Конститутсия аз тамоми қонун ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ баланду воло буда, дар сурати мухолифат пайдо шудан ё мавҷуд будан, меъёрҳои Конститутсия афзалият доранд, яъне дар ин сурат маҳз меъёрҳои Конститутсия амал мекунанд, ки ин моҳияти волотарин санади ҳуқуқӣ будани онро ифода мекунад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни Конститутсияҳои давлатҳои пешрафта ҷой мавқеъ ва нуфузи худро дошта, аз ҷониби коршиносон ва мутахассисони сатҳи байналмилалӣ ба ҳайси яке аз беҳтарин конститутсияҳо эътирофу пазируфта шудааст.

        Боби ҳаштуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба мақомоти судии кишвар ҳамчун ҳокимияти мустақили судӣ, ки аз номи давлат ва аз ҷониби судяҳо амалӣ карда шуда, фаъолияти он ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат равона шудааст, бахшида шудааст.

       Ба тариқи конститутсионӣ мустақил эътироф гардидани ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни ҳокимияти давлатӣ ба андозаи муайян ба мустақилияти суд ва судяҳо мусбӣ мусоидат кардааст ва тавре, ки моддаи 87-и Конститутсия муқаррар кардааст : «Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст».

      Амалӣ гардонидани адолати судӣ ва дар маҷмӯъ адолати иҷтимоӣ ба мустақилияти ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ ва мустақилияту беғаразии судяҳо, инчунин таъмини иҷтимоию техникии онҳо сахт алоқаманд буда, ин меъёр тақозои давру замон ва талабу дархости давлату ҳукумати Тоҷикистон ва сардори давлат мебошад.

       Ҳолати ҳуқуқии ҳокимияти судии кишварро дар радифи Конститутсия инчунин Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳо ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин санаду меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, ки онҳоро Тоҷикистон эътироф кардааст муайян мегардонанд.

       Принсипи тақсимоти ҳокимияти давлатӣ ба се рукни мустақили қонунгузор, иҷроия ва судӣ самараи неки истиқлолияти давлатию-миллии мо буда, онҳо дар алоҳидагӣ он ваколату ӯҳдадориҳоеро, ки қонун ба зиммаашон онҳо вогузор кардааст, иҷро намуда дар маҷмӯъ бошад, як вазифаи умумӣ-таъмини адолати иҷтимоиро дар ҷомеа амалӣ мегардонанд. Аммо мавқеъ ва ҷои ҳокимияти судӣ дар ин раванд махсус мебошад, зеро ки ин мақомот вазифаи олии таъмини волоияти қонун, адолати судӣ ва адолати иҷтимоиро дар худ таҷассум мекунад.

        Иштирок ва фаъолияти ҳокимияти судӣ дар амалу фаъолияти шохаҳои дигари ҳокимияти давлатӣ, яъне ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия талаботи давру замон буда, омили муҳими риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии инсон-шаҳрванд, ҷомеа ва давлат шуда кафили боэътимоди адолати иҷтимоӣ мегардад. Тавре, ки моддаи 14-и Конститутисия муқаррар кардааст: «Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд».

       Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳалӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимитяи судӣ таъмин мегарданд.

       Ҳокимияти судиро ғайрирасмӣ, ба хусус дар муошират ва сӯҳбатҳо ба ҳайси ҳокимияти сеюм ё худ шоха ва ё рукни сеюми ҳокимияти давлатӣ ном мебаранд ва шинос мекунанд. То чӣ андоза ин гуна баҳодиҳӣ ё муқаррарот ба дигарон қобили қабул аст. Аммо мусаллам аст, ки ҳар яки он дар доираи талаботи ҳамин Конститутсия ва салоҳиятҳои худ фаъолият намуда, мақсади ниҳоиашон, таъмини волоияти қонун ва адолати иҷтимоӣ мебошад.

       Ҳокимияти судӣ бошад, чунин ҳадафҳои худро тавассути баамалбарории адолати судӣ анҷом медиҳад.

       Суд ҳамчун шохаи мустақил ва алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ санадҳои судиро аз номи давлат, яъне Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби судяҳо ба амал мебарорад.

       26 сентябри соли 1999 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид шудаанд, ки онҳо барои рушду такомулу давлату давлатдори миллӣ такони  ҷиддӣ гардидаанд. Дар байни ин ҳама навовариҳои пешбинишуда ташкили мақоми нави дастҷамъӣ Шурои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои танзими фаъолияти мақомоти судии мамлакат таъсис ёфта буд, аҳамияти назаррас дошт.

        Бори дуюм-22 июни соли 2003 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки ин қалб аз ҳама, масъалаҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар бар гирифта, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон намуд.

       Рушди устувору босуботи ҷомеъа, бахусу ҷомеъаи муосири Тоҷикистон тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Аз ин рӯ, бори сеюм 22 майи соли 2016 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои навбатӣ ворид шудаанд.

       Тағйиру иловаҳои охирон ба Конситутсия воридшуда ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳайёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риоя ва ҳифзи онҳо мусоидат намуда ба мақомоти суди низ дахл дорад.

         Дар асоси тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридгардида 23 июли соли 2016 ба Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид шудаанд. Тибқи ин тағйиру иловаҳо, бинобар сабаби барҳам дода шудани Шурои адлия, ваколати ин сохтор дар самти таъминоти моддию техники онҳо, тартиби интихоб, таъин, бозхонд ва озод намудани судяҳо, инчунин таъсиси комиссияи имтиҳонотӣ барои номзадҳо ба вазифаи судя ва коромуз-судяҳо, масъалаҳои вобаста ба фаъолияти Маркази таълимии судяҳо, дар як коллегияи тахассусӣ мутаҳид намудани се коллегияи тахассусии мавҷуда, таҷдиди сохтори дастгоҳҳои судҳо бо васеъ гардонидани ваколати онҳо нисбат ба судҳои умумӣ ба салоҳияти Суди Олӣ ва нисбат ба судҳои иқтисодӣ ба салоҳияти Суди Олии иқтисодӣ вогузор шудаанд.

        Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   ба   нақши   ҳокимияти судӣ ҷиҳати мустаҳкам кардани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, муҳофизати ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, давлат, ва ташкилоту муассиса таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, дар ҳамин радиф як қатор ба тавсиб расонидаанд, ки ба мустаҳкам намудани фаъолияти ҳокимияти  судӣ  ва баланд бардоштани   мавқеи он дар ҷомеа равона гардидаанд.

         Чунин иқдоми Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон судҳоро ҳамчун рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ ӯҳдадор месозад, ки риоя ва иҷрои бечунучарои меъёрҳои Конститутсияро ҳамчун санади олии  ҳуқуқии кишвар ба манфиати ҷомеа таъмин  намоянд.

        Бори дигар аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи Шуморо ба рузи Канститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи суди ноҳияи Шаҳритус табрику таҳният намуда, ба Шумо тани сиҳат, хона ободи, файзи рузгор ва фати баланди қулаҳои муродро дар зиндаги ва кору фаъолияти меҳнатиатон орзумандам.