Санаи 15-уми майи соли равон дар толори Ҷамоати деҳоти Айваҷ мурофиаи сайёри судӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои оилавӣ бо иштироки Раиси Суди ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон Холдорзода Х.З., баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории мурофиаи сайёр баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, таҳкими муносибатҳои оиавӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ арзёбӣ мегардад.
Дар ҷараёни баргузории мурофиа масъалаҳои муҳими вобаста ба муносибатҳои оилавӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон, риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии омилҳои номатлуб дар ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҳамзамон, дар дар толори Ҷамоат вохӯрӣ бо иштироки ходимони дин ва директорони муассисаҳои таълимии ҳудуди Ҷамоат баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ оид ба нақши оила дар тарбияи насли наврас, пешгирии амалҳои номатлуб миёни ҷавонон, эҳтироми падару модар, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию фарҳангӣ ва таҳкими ҳамкории мактабу оила мубодилаи афкор сурат гирифт.
Раиси Суди ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон Холдорзода Х.З., зимни суханронӣ таъкид намуд, ки пойдории оила яке аз асосҳои муҳимми суботи ҷомеа ба ҳисоб рафта, ҳар як шаҳрванд бояд дар ҳифзи арзишҳои оиладорӣ ва тарбияи дурусти фарзандон саҳми худро гузорад.
Қайд гардид, ки танҳо бо ҳамкории сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, ходимони дин ва аҳли ҷомеа метавон барои пойдории оилаҳо ва тарбияи дурусти ҷавонон заминаи мусоид фароҳам овард.



Суди ноҳияи Шаҳритус 
