ВОХӮРӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН

Санаи 21-уми апрели соли 2026 сӯҳбату мулоқот вобаста ба баланд бардоштани фаҳмиши аҳолӣ дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм, шарҳу тавзеҳи қонунгузории ҷиноии кишвар, қонунҳои миллӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и Ҷамоати деҳоти Айваҷи ноҳияи Шаҳритус вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур Раиси суди ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон Холдорзода Х.З., судяҳо Меҳриддинзода Ф.М. ва Назарзод Ҷ., инчунин омӯзгорон, хонандагон, падару модарон ва раисони маҳалаҳо иштирок намуданд.