Мулоқот оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 13-уми феврали соли 2026, ҳайати суди ноҳияи Шаҳритус дар Муассисаи ғайридавлатии таълими «Колеҷи тиббӣ-иҷтимоии ноҳияи Шаҳритус» бо иштироки омузгорон ва донишҷӯёни муассисаи мазкур вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 16-уми декабри соли 2025 баргузор гардида буд, судяи суди ноҳияи Шаҳритус Меҳриддинзода Фахриддин Меҳриддин муҳтавои асосии Паёмро шарҳ дода, ба масъалаҳои калидӣ, аз ҷумла таҳкими волоияти қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, хусусан тандурустӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон таваҷуҳи махсус зоҳир карданд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар заминаи дастуру супоришҳои ин Паёми муҳиму тақдирсоз, соли 2026 ба соли татбиқи амалии ормонҳои миллӣ, худшиносии мардум ва густариши корҳои ободонӣ дар саросари кишвар табдил меёбад, то ин ки ҷашни муҳиму тақдирсози миллат 35-солагии Истиқлоли давлатии кишварро бо дастовардҳои аз ин ҳам арзандатар пешвоз гирем. Дар ин замина, масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, сиёсати давлатии ҷавонон таҳкими иниститути оила, пешгирии амалҳои номатлуб, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии шаҳрвандон — хусусан ҷавонон — ва вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ба таври муфасал шарҳ дода шуданд.