Амнияти халқу Ватан аз артиши миллист.

    Санаи 23 феврали соли 2026 дар толори суди ноҳияи Шаҳритус чорабинии дохилиидорави баргузор гардида, табрикоти Раиси суд Холдорзода Х.З. бахшида ба Рўзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Таърихи пайдоиш ва ташаккули Артиши Миллӣ дар кишвари азизамон, дастаи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамасола  23-февралро бо як тантанаи идона дар фазои орому осоишта ва руҳияи ифтихор аз сохибдавлатӣ чашн мегиранд. Артиши Миллӣ ҳамчун рукни муҳимтарини давлат ва сипари боэътимоди Ватан дар роҳи расидан бо таҳкими амлу суботи кишвар аст. Хизматҷиёни ҳарбии Қуваҳои Мусаллаҳ дар рушду нумуи Артиши Миллӣ ҷасорату мардонагӣ ватандӯстони асил бӯдани хешро борҳо собит намудаанд.       Низомиёни тоҷик бо савганду садоқатмандонаи худ дар назди ватану халқи худ баҳри таҳкимӣ пойдори сулҳу субот, ҳифзи ҳама арзишҳои сарзамини соҳибистиқлол ва дар роҳи ҳимояи манфиятҳои давлату миллат қадамҳои устувор мегузоранд. Аз оғози таъсисёбӣ то имрӯз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо садоқати худро ба Ватан ва миллати худ, ҳукумат ва Президенти Точикистон собит сохтааст.
Мо хама дар назди халқу Ватан вазифадор
ҳастем, ки сулхи пойдор ва тамоми марзу буми ватани  азизамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.
Зеро хизмат кардан ба ватан шарафи бузург ва қарзи шаҳрвандии ҷавонони бонангу номуси миллат аст.
Дар ҳайъати Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар таъсис додани  Қушунҳои зудамал, ба Гвардияи Миллӣ табдил додани собиқ Гвардияи Президентӣ ва таҷдиди сохтори он, беҳбудии таъминоти моддиву техникӣ ҷузъу томҳои ҳарбӣ, дар дохил  ва хориҷӣ мамлакат ба роҳ мондани хизматчиёни ҳарбӣ дар амал татбиқ гардидаанд.
Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ бояд пеш  аз ҳама Дорои ҳиси ватандустӣ, интизоми қатъӣ, маҳорату малакаи ҳамаҷонибаи ҳарбӣ дошта бошанд.
Мо ҳама  дар назди халқу Ватан вазифадор ҳастем, ки бо нангу номуси милли ин Ватани маҳбубамонро ҳимоя кунем.
Қувваҳои Мусаллаҳи мо ҳимоятгари воқеии истиқлолияти Ватан, амнияти кишвар ва сулху суботи мамлакат мебошад .
Бо вуҷуди ин ҳама пешравиҳо сарвари давлатамон Эмомалӣ Рахмон хамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар буда, ҳар соле дар ин рӯзи иди Қувваҳои Мусаллаҳ аз наздик бо ин сарбозони шуҷои Ватан дидан карда  ва табрикоти идонаро ба онҳо хонда ва ба ҳар кадоми онхо саломативу,  сарбаландӣ ва барори кор орзу менамояд.
Ва он камбудие ки дар ин соҳа дида мешуд, ба вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқотҳои судманд мегузаронд.
Бо ҷунин нияти нек ва итминони  комил ҳамаи шуморо бо  чашни 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон табрик ва муборакбод мекунам.
Идатон муборак, ҳомиёни шуҷоъ ва далери Ватан !