ТАҚВИЯТИ ХУДШИНОСӢ ВА ВАТАНДӮСТӢ ДАР МУЛОҚОТИ РАИСИ СУД БО ХОНАНДАГОН

     Санаи 5-уми майи соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Суди ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон вохӯрии раиси суд муҳтарам Холдорзода Хусрав Зайнудин бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи — гирандагони стипендияи Президентӣ ва ғолибони олимпиадаҳо баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ раиси суд иброз дошт, ки таҳкими робитаи мустаҳкам байни наслҳо, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ аз ҷумлаи омилҳои муҳими рушди ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дар ҷараёни мулоқот бо иштирокчиён доир ба дастовардҳои даврони истиқлолият, нақши ҷавонон дар пешрафти ҷомеа ва масъулияти онҳо дар ҳифзи сулҳу суботи кишвар мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ҳамзамон, ҷавонон ба илмомӯзӣ, меҳнатдӯстӣ, эҳтироми қонун ва содиқ будан ба Ватан даъват карда шуданд. Қайд гардид, ки маҳз дониш ва маърифат метавонанд ҷавононро ба сӯи ояндаи дурахшон раҳнамоӣ намоянд.
Чунин вохӯриҳо ба таҳкими худогоҳии миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва рушди маънавии ҷавонон мусоидат намуда, заминаи устувори ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагиро миёни наслҳо фароҳам месозанд.