Вохури бо сокинони Ҷамоати Пахтаободи ноҳияи Шаҳритус

     Санаи 16-уми апрели соли 2026 бо иштироки Раиси суди ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон Холдорзода Х.З. дар мурофиаи сайёр бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритус баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими вобаста ба муҳтавои Паёми Президент, таъмини волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва махсусан пешгирии ҷиноятҳо вобаста ба терроризм ва экстремизм ҳамзамон Раиси суди ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон Холдорзода Х.З. ибрози андеша намуд, ки муҳаббат ба ватан танҳо сухан нест он амал, масъулияти баланд ва иродаи қави аст. Яъне аз нишонаҳои асосии ватандўстӣ  ин омодагӣ ба ҳимояи марзу буми кишвар мебошад, хизмати ҳарбӣ барои ҳар як ҷавон на танҳо қарз, балки мактаби мардонагӣ буда, ҳар яки мо бояд дарк намоем, ки оромӣ ва амнияти Ватан аз талошу хизматҳои фарзандони мову Шумо вобастааст, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.  Зикр гардид, ки дар шароити муосир ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа тақозо менамояд, ки ҳар як хизматчии ҳарбӣ сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ дошта, ба риояи қатъии қонунгузорӣ ва арзишҳои миллӣ содиқ бошад.