БОЗДИД РАИСИ СУДИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ СУДИ НОҲИЯИ ШАҲРИТУСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Санаи 3-уми апрели соли 2026 Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, аз фаъолияти суди ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон аз наздик шинос шуданд. Маврид ба зикр аст, ки дар доираи сиёсати пайгиронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон нисбат ба ҳокимияти судӣ инчунин, бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бинои суди ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон таъмири асосӣ гузаронида шудааст.
Таҳким ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳокимияти судӣ аз муҳайё намудани шароити зарури ҷиҳати дасрасии аҳолӣ ба адолати судӣ арзёбӣ мегардад.