21 январи соли 2018 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид гардида, 26 октябр расман Рӯзи касбии кормандони мақомоти судӣ эълон шуд.
Ҳокимияти судӣ яке аз шохаҳои муҳими ҳокимияти давлатӣ буда, фаъолияти он ба таъмини адолати иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат равона шудааст. Бо иҷрои ин рисолати муҳиму муқаддас мақомоти судӣ барои пешрафти ҷомеа ва густариши равандҳои демократӣ ва устувории истиқлолияти давлатӣ нақши муҳим мебозад. Фаъолияти босамари ҳокимияти судӣ барои пешрафти ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон хеле муҳим буда, эътимоду эҳтироми шаҳрвандонро нисбат ба давлат ва қонун таҳким мебахшад.
Конститутсияи Тоҷикистон моҳияти ҳокимияти судӣ ва мақсаду вазифаҳои онро муқаррар намуда, чунин меъёрро пешбинӣ кардааст: «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд». Яъне судяҳо ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ мустақил буда, фаъолияти худро аз номи давлат амалӣ менамоянд ва танҳо ба қонун итоат менамоянд.
Дар ин замина суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид мебошанд: «Ин дигаргуниҳои куллӣ маҳз ба хотири идома бахшидан ба ислоҳоти ҳуқуқӣ ва таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ равона гардида, ба талаботи давру замон мувофиқ мебошанд».
Боиси қайди махсус аст,ки дар замони соҳибистиқлолӣ ва бо таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити моддиву техникии судяҳо ва судҳои ҷумҳурӣ руз аз руз беҳтар шуда истодааст. Ҳамин аст,ки дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо мо кормандони судӣ бояд дар иҷрои вазифаву масъулияти дар назди қонун ва ҷамъият доштаамон бояд бо дасту дили пок иҷрои вазифа намуда дар таъмини адолати иҷтимоӣ ва волоияти қонун саҳмгузор бошем.
Аз фурсати муносиб истифода бурда ҳама ҳамкасбон ва кормандони шохаи ҳокимияти судиро бо рӯзи касбии кормандони мақомоти судӣ аз самими қалб шодбош гуфта дар фаъолияту зиндагӣ бурдбориву хушиҳои бепоёнро таманно дорам.
Раиси суди ноҳияи Шаҳритус
Холдорзода Хусрав Зайнудин
Суди ноҳияи Шаҳритус 
