Тибқи нақшаи таҳияи барномаи иттилооти таҳлили «Додгоҳ» дар соли 2023 дар робита ба фаъолияти мақомоти судии вилоят, шаҳру ноҳияҳо дар мувофиқа бо Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, санаи 17 октябри соли 2023 дар суди ноҳияи Шаҳритус барномаи «Додгоҳ» бо иштироки кормандони дастгоҳи суд ва судяҳои суди ноҳияи Шаҳритус баргузор гардид. Вобата ба мавзуҳои таҳия гардида аз ҷумлат — Аз оғози сол то ин давра барраси ва натиҷагири парвандаҳо, — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо», — Баҳсҳо асосан дар суд фарогири кадом масъалаҳо мебошанд, ва — Тадбирҳои андешидаи суд баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон судяи суди ноҳияи Шаҳритус Назарзод Ҷовидон баромад намуд.