Тамошои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун барномаи таҳлилӣ ва муайянкунандаи рушду нумӯи ҳамаи самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ба шумор меравад, ки дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ нақши муассир мегузорад.

Имрӯз, 23 декабри соли 2022 дар утоқи кории Раиси Суди ноҳия бо иштироки раиси суди ноҳияи Шаҳритус Холдорзода Х.З., судяҳои суди ноҳия, кормандони дастгоҳи суди ноҳия ва Иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ноҳияи Шаҳритус  тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути оинаи нилгун ба роҳ монда шуд.