Истиқлолият немати бебаҳост

Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикриву ҳамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард. Даврони истиқлолият роҳи имрӯзи ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеъаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд. Маҳз бо шарофати ба даст даровардани истиқлолият ба наврасону ҷавонони мо имконият фароҳам омад, ки дониш, қобилият ва маҳорати хешро дар ҳамаи самтҳо инкишоф диҳанд, ватани худро дар арсаи байналмилали муаррифӣ намоянд, пешсаф бошанд ва ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам гузоранд. Истиқлолият зиндагии ноороми мо мардуми тоҷикро ба манзараи рангорангу дилфиреб ва ватани азизамонро ба як макони беназир, бемислу монанд ва макони сайёҳони хориҷӣ табдил дод. То имрӯз дар муддати 31 – соли истиқлолият, сарзамини бузурги мо дар тамоми самтҳо аз қабили илму маъориф, санъату фарҳанг, иқтисоду иҷтимоиёт ва ғ. ба пешравиҳои зиёд ноил гардид.

Барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси суди ноҳияи Шаҳритус бо иштироки кормандони дастгоҳи суди ноҳия шанбеги гузаронида гирду атрофи идораи суди ноҳияро рангу бор намуда овезаҳои вобаста ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро насб намуда, дар гирду атрофи идора гулхои ранго ранг шинонида шуд.