31-солгии таъсисёбии Қувваҳои Мусалаҳи Тоҷикистон

Санаи 21-уми феврали соли 2024 Раиси суди ноҳияи Шаҳритус Холдорзода Х.З. бо Раиси ноҳияи Шаҳритус Абдуллозода Тағой Махкам ба дидбонгоҳи қисми низомии 0305-и Қушунҳои Сарҳадии кумитаи давлатии Амнияти Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритусиштирок намудаанд.
Дар саросари Ватани махбубамон Тоҷикистон ҷашни 31-солгии таъсисёбии Қувваҳои Мусалаҳи Тоҷикистон мебошад.
Амнияти халқу Ватан аз артиши миллист.
Таърихи пайдоиш ва ташаккули Артиши Миллӣ дар кишвари азизамон, дастаи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамасола 23-февралро бо як тантанаи идона дар фазои орому осоишта ва руҳияи ифтихор аз соҳибдавлатӣ ҷашн мегиранд. Артиши Миллӣ ҳамчун рукни муҳимтарини давлат ва сипари боэътимоди Ватан дар роҳи расидан бо таҳкими амлу суботи кишвар аст. Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар рушду нумуи Артиши Миллӣ ҷасорату мардонагӣ ватандустони асил будани хешро борҳо собит намудаанд. Низомиёни тоҷик бо савганду садоқатмандонаи худ дар назди ватану халқи худ баҳри таҳкими пойдори сулҳу суббот, ҳифзи ҳама арзишҳои сарзамини соҳибистиқлол ва дар роҳи ҳимояи манфиятҳои давлату миллат қадамҳои устувор мегузоранд.
Аз оғози таъсисёбӣ то имруз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллахи кишвар дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо садоқати худро ба Ватан ва миллати худ, ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон собит сохтааст.
Мо ҳама дар назди халқу Ватан вазифадор ҳастем, ки сулҳи пойдор ва тамоми маарзу буми ватани азизамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.
Зеро хизмат кардан ба ватан шарафи бузург ва қарзи шаҳрвандии ҷавонони бонангу номуси миллат аст.
Дар ҳайъати Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар таъсис додани Қушунҳои зудамал, ба Гвардияи Миллӣ табдил додани собиқ Гвардияи Президентӣ ва таҷдиди сохтори он, беҳбудии таъминоти моддиву техникӣ ҷузъу томҳои ҳарбӣ, дар дохил ва хориҷӣ мамлакат ба роҳ мондани хизматчиёни ҳарбӣ дар амал татбиқ гардидаанд.
Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ бояд пеш аз ҳама ҳиси ватандӯстӣ, интизоми қатъӣ, маҳорату малакаи ҳамаҷонибаи ҳарбӣ дошта бошанд.
Мо ҳама дар назди халқу Ватан вазифадор ҳастем, к ибо нангу номуси милли ин Ватани маҳбубамонро ҳимоя кунем.
Қувваҳои Мусаллаҳи мо ҳимоятгари воқеии истиқлолияти Ватан, амнияти кишвар ва сулҳу суботи мамлакат мебошад.
Бо вуҷуди ин ҳама пешравиҳо сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллахи кишвар буда, ҳар соле дар ин рӯзи иди Қувваҳои Мусаллаҳ аз наздик бо сарбозони шуҷои Ватан дидан карда ва табрикоти идонаро ба онҳо хонда ва ба ҳар кадоми онҳо саломативу, сарбаландӣ ва барори кор орзу менамояд.