Ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба масъалаҳои иҷтимоӣ, хусусан самти қонунгузорӣ ва вазъи ҷомеаи муосир диққати аввалиндараҷа дода, бамаврид қайд медоранд, ки равандҳои геопалитикӣ ва геоиқтисодии ҷаҳони имрӯза хусусияти таҳдидовар ба ҳамзистии осоиштаи халқу миллат ва давлатҳоро ба миён оварда, терроризм ҳамчун падидаи марговар амният ва суботи кишварҳои гуногунро халалдор намуда истодааст.
Иқтибос аз Паём
Дар оилае, ки савод набошад, чи гуна фарзандон таълиму тарбия мегиранд. Бояд падару модарон дар ҳаққи фарзандон зомин нашаванд ва ояндаи онҳоро фикр кунанд.
Илова бар ин Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём аз таҳсил накардани духтарон ва аз синфи 9-ум аз мактаб баровардани онҳо интиқод карда, гуфт, «падарону модарони азиз, агар духтарон олим нашаванд ҳам, дар оянда бо дониши худ ризқашонро меёбанд, ба ризқи онҳо зомин нашавед»