С О Л И М А Ъ Р И Ф А Т И Ҳ У Қ У Қ Ӣ

Имрӯз, яъне санаи 24.05.2024 аз ҷониби Раиси суди ноҳияи Шаҳритус Холдорзода Х.З., ва судяи суди ҳамин ноҳия Меҳриддинзода Ф.М. бахшида ба соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 бо сокинону фаъолони Ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматови ноҳияи Шаҳритус мулоқот баргузор гардид. Зимни мулоқот атрофи мавзӯъҳои ҳуқуқӣ аз ҷумла вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳу ташкилотҳои терористию экстремистӣ, ҷавобгари барои содир кардани ин кирдорҳо, риояи талоботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суҳбатҳо доир гардида, ҳамзамон аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки дар амалисозии корҳои ободонию созандагӣ ба ҷашни 35 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузошта, ин ҷашнро бо омодагии ҳамаҷониба истиқбол намоянд.