Раиси Суди ноҳияи Шаҳритус Холдорзода Х.З. санаи 9 июли соли 2025 дар Ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Шаҳритус бо мақсади тақвият бахшидани иштироки фаъолонаи кормандони судӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмури нисбати Буриев Афзалшоҳ Шарифҷонович ва Шеров Шермуҳаммад Завқибекович бо моддаи 4742 қисми 2 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мурофиаи сайёри суди дар Ҷамоати номбурда бо иштироки ходимони расмии дин, раисҳои маҳала, омузгорон, намояндаҳои танзим ва сокинони Ҷамоати Ошбшорон иштирок намуда, ҳамзамон дар баробари ин, бо мақсади амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ роҷеъ ба хатару таҳдидҳои замони муосир ва оқибатҳои ногувори даст задан ба ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта бо сокинони ҷамоати номбурда ва намояндагони касбу кори гуногун суҳбату вохўриҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.