Санаи 2-уми майи соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Айвоҷи ноҳияи Шаҳритус, маҷлиси сайёри судӣ бо парвандаи ҷинояти нисбати Ғафоров Караматулло Ғайратуллоевич бо моддаи 247 қ 2 бандҳои «а,в,г» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамзамон аз ҷониби Раиси суди ноҳияи Шаҳритус Холдорзода Х.З. вобаста Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи кӯдак» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим» бо сокинони ҷ/д Айвоҷ баромаду вохуриҳо анҷом дода шуд.