БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР НАЗДИ БИНОИ СУДИ НОҲИЯИ ШАҲРИТУС

Санаи 23.08.2025 сол дар суди ноҳияи Шаҳритус шанбегии дастаҷамъона бо иштироки ҳамаи кормандони суд баргузор гардид.

Бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадафи асосии ташкили чунин шанбегиҳо ободу зебо нигоҳ доштани гирду атрофи бино, тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандон дар масъалаи тозагиву озодагӣ мебошад.

Дар рафти шанбегӣ гирду атрофи бинои суд, гулгаштҳои назди он аз партов ва алафҳои бегона тоза карда шуда, арчаҳо сафед карда шуда ва корҳои кабудизоркунӣ ба роҳ монда шуд.

Ин иқдом намунаи ибрат ва фарҳанги баланди экологӣ буда, ҳамзамон ифодагари дастгирии амалии сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Шанбегиҳо ҳамчун як навъи тарғиби тарзи ҳаёти солим ва муҳити зисти тоза минбаъд низ дар суди ноҳия мунтазам идома хоҳанд ёфт.