Таърихи башарият гувоҳ аст, ки ҷомеаи дорои тамаддуну фарҳанги қадима танҳо тавассути ҳусни тафоҳум, эҳтиром ва эътирофи ҳуқуқи ҷомеа дар заминаи мавҷудияти қонунҳои муайян, ки аз мақсаду ғояҳои мансуб ба табиати инсон ва ягонагии ҷамъият дар саҳҳои гуногун бармеоянд ва барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, нигоҳдошти низоми тартиботу адолат ва озодии инсон офарида мешаванд, ба танзими ҳаёти иҷтимоӣ муваффақ шуда, роҳу равиши дурусти ташаккули худро дар чорчубаи манфиатҳои эътирофшуда нигоҳ медорад. Бинобар ин, оғози солҳои навадуми қарни сипаригардида пас аз эълони Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон зарурати ташаккули заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ ба миён омад, ки бо такя ба арзишҳои миллӣ ва решаҳои таърихӣ тавонад ба бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ҳифзи якпорчагии кишвар, ташаккули мақомоти ҳокимияти давлатӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таҳкими худшиносии миллӣ ва инкишофи озодонаи ғояҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, мусоидат намояд. Аз ин лиҳоз, ҳадафи муҳиме, ки аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолӣ пайгирӣ карда шуд, ҳарчи зудтар таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони тозаистиқлол буд. Зеро ин ҳадаф имконият медод, ки Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр муаррифӣ гардад ва дар як вақт дар заминаи он санадҳои меъёрии ҳуқуқие эҷод карда шаванд, ки тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатиро муайян карда, манфиатҳои миллии халқи тоҷикро ҳимоя намоянд ва муносибатҳои ҷамъиятиро, ки дар давраи аввали таърихии гузариш аз низоми идоракунии сотсиалистӣ ба низоми идоракунии демократӣ қарор дошт, танзим карда тавонад. Дар роҳи давлатсозии навин масъалаи аввалиндараҷа будани қабули Қонуни асосии кишварро Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои милат Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муроҷиатномаи худ ба мардуми кишвар ҳанўз 12 декабри соли 1992, ки он замон вазифаи Раиси Шўрои Олии Тоҷикистонро ба уҳда доштанд, таъкид ва изҳор намуданд, ки: «асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо дарназардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав — давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим аст».
Си сол муқаддам аввалин маротиба дар таърихи давлатдории тоҷикон Конститутсияи ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати санади олии ҳуқуқӣ бороҳи раъйпурсии умуми халқӣ, яъне 6 ноябри соли 1994 бевосита аз ҷониби худи халқ бо дарки масъулияти баланд дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва ояндаи мамлакат қабул шуд. Ин санади муқаддасу тақдирсоз ва ифодагари манфиатҳои олии миллатро муайян намуд. Таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсия ба баргузории иҷлосияи таърихии ХVl Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иртиботи қавӣ дорад. Дар ин иҷлосия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи амалкунандаи вақт ва дигар қонунҳои ҷумҳуриро мавриди баррасӣ ва таҳлили амиқ қарор дода, таъкид намуданд, ки яке аз омилҳои асосии устувории иҷтимоиву сиёсии ҷомеа Қонуни асосӣ ва қонунҳоеанд, ки ба талаботи шароити замона ҷавобгу бошанд.
Конститутсия ҳамчун қонуни олии давлат, муайянкунандаи мазмун ва муҳтавои ҳамаи қонунҳои амалкунандаи он мебошад, такягоҳи мустаҳками қудрати сиёсӣ ва кафолатдиҳандаи ҳадду ҳудуди салоҳияти мақомоти давлатӣ аст. Гузашта аз ин, Конститутсия оромию суботи ҷомеа, ваҳдати сиёсӣ ва назму низомро дар ҳудуди давлат, барқарории адолат ва кафолати амниятро таъмин мекунад. Маҳз ба ҳамин маънӣ Конститутсияи Тоҷикистон вазифаи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоиро ҳамчун мароми халқи Тоҷикистон муқаррар намудааст.
Қайд менамоям, ки омухтан, донистан, эҳтиром гузоштан ва риоя намудани Конститутсия-ин санади сарнавиштсоз вазифаи ҳар шаҳрванди мамлакат – аз хурд то бузург мебошад. Дар маҷмўъ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташаккули ҳокимияти судӣ, ки ҳамчун як пояи устувори марказии давлатдории демократӣ маҳсуб меёбад, мусоидат намуда, дар заминаи он ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ гузаронида шуда, то ба имрўз вазъи таъмини ташкилӣ, молиявӣ, моддию техникии судҳо, ба таври назаррас беҳтар гардида, тавассути мукаммал гардидани як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ нақши ҳокимияти судӣ дар баамалбарории адолати судӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ боз ҳам муассиртар гардид. Бо ҳамин нияти нек, тамоми сокинони шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ифтихори ҷашни муқаддасу таърихӣ — 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол самимона шодбош гуфта, ба хонадони мардуми шарафманду соҳибсаодати ноњия файзу осоиш, тандурустиву иқболи нек ва ба Ватани маҳбубамон суботи ҷовидонаву пешрафти рӯзафзун орзу менамоям.