ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. МЕЪМОРИ СУЛҲЕ, КИ АЗ САРЗАМИНИ ПОРА-ПОРА ДАВЛАТИ МИЛЛӢ СОХТ.

Имрӯз бахшида ба Рӯзи президент дар саросари Тоҷикистон чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор мегарданд.

Мансаби Президентӣ муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шурӯъ намудани Президент муқаррар гардидааст.

Аз ҷумла, меъёрҳои моддаи 67-и Конститутсия пешбинӣ менамояд, ки Президент пеш аз шурӯъи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад.

Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.

Мақсад аз рузи ид муайян кардани рузи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.

Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рузи 16 ноябр рузи Президент пазируфта шудааст.

Моҳи апрели соли 2016 қонун дар бораи таҷлили Рӯзи президент аз ҷониби вакилони парлумон қабул гардид. Маҳз 16-уми ноябри соли 1994 аввалин инаугуратсияи президенти навинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида буд.

Коршиносон хизматҳои шоистаи Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро эътироф мекунанд.

Пешвои Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанде қабл Пешвои миллат дониста шуд, аниқтараш чунин қонун қабул гардид. Аз аввали фаъолияти президентӣ ба вазифаи раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи кишварро бо ваъдаҳои худ ҷалб кард, бояд қайд кунам, ваъдаҳое, ки иҷро шуданд.

Масалан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваъда дод, ки тамоми гурезагонеро, ки маҷбур буданд дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ тарки ватан кардаанд ба Тоҷикистон бармегардонад. «Ман омодаам, барои ҷорӣ кардани сулҳу субот дар мамлакат ва баргардонидани гурезагон ба ватан, ҳаёти худро зери хатар гузорам»,-гуфт муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ҳақиқат ҳам охирон нафарони гуреза соли 2000-ум ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Дар умум ба Тоҷикистон қариб 800 ҳазор гуреза баргардонида шуд! Ва ҳамаи онҳо бо манзили зист таъмин карда шуданд. Ҳеҷ кас дар «кӯча» намонд.

Агар он солҳоро ба ёд биёрем, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи сеюми фаъолияти президентиаш бо командирони ташкилотҳои ҳарбӣ вохӯрда, чун Пешвои ҳақиқӣ амал кард. Ҳамчунин президенти кунунӣ зимни ба имзо расонидани Созишномаи сулҳ, ки на дар ягон минтақаи амнияти, балки дар Афғонистони ҷангзада баргузор шуд, бо далерӣ ва мардонагӣ сафар кард.

Ҷои пушида нест, ба ҳамаи мову Шумо маълумаст, ки Албатта дар роҳи овардани сулҳ ба Тоҷикистон ӯ ягона набуд, вале нафаре буд, ки барои ҳар чӣ зудтар ҷорӣ шудани он бидуни талафот кӯшишҳои беандоза ба харҷ дод. Фикр мекунам, шумо медонед, ки таҷрибаи пойдории сулҳи Тоҷикистонро дигар кишварҳои ҷаҳон омӯхта истифода карданд.

— Санаи 16 ноябрро мо бояд чун «Рӯзи президент» на чун ҷашни шахсии раисҷумҳур, балки чун «Рузи президент» ҳамчун арзиши ҳокимияти олӣ, дар баробари Рӯзи парчами миллӣ, Рӯзи истиқлолияти давлатӣ ва ғайраҳо, қайд кунем.

Дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷаставу номбардоре вомехуранд, ки онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳасос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обруву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд.   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш мутаҳҳид ва ба қалби онҳо шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд.

Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд.
Мусаллам аст, ки ташаккули давлатдории миллии мо ва эҳёи мақому манзалати он дар арсаи ҷаҳонӣ ба заҳмат ва талошҳои пайвастаи шахсияти таърихӣ ва Президенти мардумӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаи ногусастанӣ дорад.

Бидуни шак, хизмати бузурги Пешвои миллат барои Тоҷикистон, ин барқарор намудани сулҳу суботи комил ва таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад. Ӯ тавонист, ки дар солҳои аввали фаъолияти худ, масъулияти Конститутсионии хешро ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пуррагӣ иҷро намояд ва чун кафили амнияти давлат амал намояд.

Мавриди зикр аст, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон нақши фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст. Маҳз шахсияти Пешвои миллат буд, ки халқи тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфт ва то охирин гурезаи тоҷик ба ватан баргашт. Аз ин ҷост, ки хизматҳои бузурги ӯро миллат ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.

Сулҳи тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умед ба ояндаи нек, хушбахтӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдати ногусастаниро зинда намуд. Имрӯз миллати тоҷик ифтихор аз он дорад, ки дар баробари дигар халқҳои олам ҳуқуқу овози баробар дошта, ҳувияти миллии хешро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд.